Ссылки доступа

Вазорати саноат "Blockchain"-ро ба Тоҷикистон меорад, вале суръату нархи Интернет роҳ намедиҳанд


Иллюстративное фото

Вазорати саноати Тоҷикистон барои тақвияти тавонмандиҳои ҳукумати электронӣ дар заминаи фанновариҳои "блокчейн" бо Бунёди байнулмилалии технологии “Fantom” созишнома имзо кардааст.

Бар пояи он ширкати “Fantom” барои Тоҷикистон низоми СRM (Customer Relationship Management) Мудирияти робита бо муштарӣ ва ё мухотабонро фаъол хоҳад кард. Гуфта мешавад ин систем, “раванди кори бизнесро осон ва пурсамар” мекунад.

Созишнома рӯзи 22-юми апрел ба имзо расида, вале хабари он дар пойгоҳҳои ширкати “Fantom” рӯзи 6-уми май нашр шуд. “Fantom” дар изҳороти худ менависад, вазорат нахуст роҳҳалҳои пешкашшударо месанҷад ва ду ҷониб баъдан рӯи таъсиси як “маркази тадқиқотӣ ва рушд” бар пояи технологияи “блокчейн” кор хоҳанд кард.

Ин низом барои Тоҷикистон нав аст, аммо “Fantom” мегӯяд, солҳои зиёд ҳамчун як пойгоҳи дараҷаи баланд масъулу бехатар барои ислоҳи костагии пойгоҳҳои дигари блокчейн таҷриба андӯхтааст.

Ҷовид Сикандар, роҳбари “Fantom” дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ, мегӯяд, “роҳалҳалҳое, ки “Fantom” пешкаш мекунад, барои бароварда кардани ниёзҳои афзояндаи иқтисоди Тоҷикистон” коргар хоҳанд буд.

“Fantom” худро як бунёд ва ё шабакаи муҳандисони компютерӣ меномад, ки мутахассисонро аз саросари олам муттаҳид мекунад. Муҳандисону барномасозони ин бунёд бар пояи технология ва ё фанноварии навини блокчейнӣ кор мекунанд ва ба ин боваранд, ки ин усул барои мудирияти беҳтари давлат ва иқтисод кумак мекунад.

Технологияи “blockchain” (тарҷумаи таҳтуллафзиаш аз англисӣ занҷира ё силсилаи бастаҳо ва ё бахшҳо аст) аз қабл барои муҳандисони барномасоз маълум буд, аммо бори аввал ин технология дар таҳияи нахустин крипто асъор бо номи Биткоин истифода шуд.

Ба таъкиди барномасозони компютер, ин фанноварӣ барои мудирияти бонкҳо, шабакаҳои молиявӣ, идораи умури давлатӣ ба воситаи ҳукумати электронӣ низ хеле коромад буда метавонад. Чун ба фарқ аз шабакаҳои анъанавии вебӣ ва ё онлайнӣ data (додаҳо), маълумот танҳо дар як марказ на, балки ҳамзамон дар чанд бахш ва ё блок нигоҳ дошта мешавад. Бино бар ин тарзи кораш ва ба фарқ аз шабакаҳои мутамарказ ин низом аз нигоҳи амнияти итиллоотӣ бехатар ва устувор шумурда мешавад.

Асоси кораш ин аст, ки маълумот ба маҳзи пахш шудан ҳамзамон дар чандин пойгоҳ сабт мешавад ва он ҷо мустақил боқӣ монда, ҳеч гуна имкони тағйир додан ё аз байн бурдани он ва фирефтани низом вуҷуд надорад. Дар ҳоли ҳозир зиёда аз 100 давлати дунё аз низоми блокчейн комёбона истифода мекунанд. Дар қаламрави пасошӯравӣ кишварҳои Соҳили Балтик, Русия ва Қазоқистон дар ин самт пешравӣ доранд. Бунёди фанновариҳои “Fantom” дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ба Покистон ва Афғонистон ёрӣ кардааст ва акнун он бо Тоҷикистон созишнома баст.

Ҳанӯз маълум нест, ин ташаббуси Вазорати саноати Тоҷикистон чӣ самар ба бор меорад, вале рӯшан аст, ки корбурди низоми блокчейн метавонад, суръат ва амнияти додуситад ва ҳифзи додаҳоро тезонида, ҷалби сармоягузорони хориҷиро густариш диҳад ва шумориши дақиқи оморро таъмин намояд.

Ба сурати умум Тоҷикистон метавонад зудтар ва беҳтар ба шабакаҳои ҷаҳонии тиҷоратӣ пайванданд ва эътимоди шарикҳои хориҷиро ба даст орад. Ҳаракат ба ин самти ҷаҳонӣ, ҳамчунин, метавонад ба созмонёбӣ ва рушди ҳукумати электронӣ дар кишвар таъсири мусбат гузорад. Он ҳам дар ҳоле ки ин тарҳи давлати Тоҷикистон солҳост, дар як пай дармонда, бо мушкили зиёд пеш меравад.

Моҳи ноябри соли 2020 Вазорати саноати Тоҷикистон сомонаи вижаеро фаъол карда буд, ки тавассути он соҳибкорон ва ё корафтодагон метавонанд барои гирифтани муҷаввиз аз ин вазорат дархост фиристанд. Он замон масъулони вазорат дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, “дар умум, Вазорати саноат ва технологияҳои нав барои 8 намуди фаъолият муҷаввиз ё парвона медиҳад. Барои мисол барои истеҳсол ва фурӯши машрубот, маҳсулоти тамоку ва истеҳсоли металҳои ранга”.

Ба таъкиди масъулони вазорат, дар сурати пурра ирсол намудани ҳуҷҷатҳо ва риояи талаботи қонун соҳибкор ва ширкати дархостдода, тақрибан дар давоми ду ҳафта метавонанд, парвонаи кор ба даст орад.

Дар Тоҷикистон бо дастури ҳукумат аксарияти вазорату идораҳо ва мақомот сомонаҳои расмии худро дар интернет фаъол кардаанд, аммо бештари онҳо пас аз таъсис бо иттилооти муҳиму саривақтӣ пур намешаванд ва моҳҳо матлаби наве нашр намекунанд. Талошҳои интернетӣ кардани амалкардҳои иқтисодӣ ва шаҳрвандӣ маҳдуданд.

Аз сӯйи дигар, талоши Вазорати саноати Тоҷикистон бобати ҷорӣ кардани фанновариҳои навин дар ҳоле сурат мегирад, ки суръати интернет дар Тоҷикистон суст ва нархаш баланд аст. Ба гуфтаи коршиносон роҳандозии чунин фанновариҳои навини иттилоотӣ, ба монанди блокчейн, ки метавонад, заминаи пешрафтҳои ҷиддӣ шавад, бидуни интернети босифату босуръат ва арзон натиҷа нахоҳад дод.

Ҳоло Тоҷикистон аз назари суръати Интернет дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мақоми аз ҳама охир қарор дорад, аммо нархи он баръакс гарон аст. Дар кишвар нархи 1 гигабайт интернети мобилӣ ба ҳисоби миёна ба беш аз 20 сомонӣ баробар аст.

Ширкати "Тоҷиктелеком", зертобеи Хадамоти алоқа, ягона дастраскунандаи Интернет ба Тоҷикистон аст. Ширкатҳои дигари мобилӣ ва мухобиротӣ Интернетро аз ин идора мегиранд ва ҳаққи мустақилона аз хориҷи кишвар харидани бастаҳои интернетиро надоранд. Бонки Ҷаҳонӣ дар охири моҳи апрел аз Тоҷикистон хост, барои рушди иқтисоди рақамӣ ва Интернет бояд ширкати "Тоҷиктелеком"-ро аз тобеияти танзимгари соҳа, яъне Хадамоти алоқа барорад.

XS
SM
MD
LG