Ссылки доступа

Коронавирус: Дар як рӯз 2165 сокини Қазоқистон мубтало шудааст


Вазорати тандурустии Қазоқистон иттилоъ додааст, ки дар давоми як шабонарӯзи ахир дар ин кишвар 2142 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ё COVID-19 ва 23 ҳолати гирифторӣ ба "илтиҳоби шуши шабеҳи коронавирус" сабт шудааст.

Бино ба омори расмӣ, шумори умумии онҳое, ки мубталошавияшон ба коронавирус тариқи озмоиши клиникӣ тасдиқ шудааст, то ба 10 май ба 344 731 расида, аз оғози пандемия, аз 13 марти соли 2020 дар он кишвар ҷамъан 3928 кас бар асари ин вирус ҷон бохтааст. Танҳо 8 март 15 сокини Қазоқистон аз коронавирус ҷон додааст.

Гузаронидани оммавии ваксинаи зидди коронавирус дар Қазоқистон аз 1 феврали имсол оғоз шуда, то 10 май 1,6 миллион шаҳрванди он кишвар эм шудааст. Қазоқистониҳо бо ваксинаҳои русии "Спутник V", "QazVac"-и қазоқӣ ва "Sinopharm"-и чиние, ки дар АМА истеҳсол мешавад, эм мешаванд.

Бино ба омори Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс, дар саросари ҷаҳон то ба имрӯз беш аз 158 миллион одам ба коронавирус мубтало шудааст. Ҳудуди 94 миллион бемор шифо ёфта, беш аз 3,29 миллион тани дигар ҷон бохтааст.

XS
SM
MD
LG