Ссылки доступа

Дар Туркманистон бештар аз ҳазор зиндониро озод карданд


Иллюстративное фото

Дар Туркманистон бештар аз ҳазор зиндониро аз маҳбас озод карданд. Ин бор миёни озодшудаҳо касоне ҳам ҳастанд, ки бино ба боварҳои диниашон аз адои хизмати ҳарбӣ сарпечӣ мекарданд.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ба муносибати Шаби лайлатулқадр дар Туркманистон 1035 зиндонӣ озод шудааст, ки аз ин теъдод 53 танашон шаҳрванди хориҷӣ ҳастанд.

Миёни озодшудаҳо ҳамчунин 16 тан пайрави мазҳаби Шоҳидони Яҳуво ҳастанд.

Дар Туркманистон бори охир моҳи декабри соли 2020 иддае аз зиндониёнро авф карда буданд. Он замон 2078 шаҳрванди Туркманистон ва 4 шаҳрванди хориҷӣ аз маҳбас озод шуда буданд.

Бино ба иттилои созмонҳои байналхалқӣ, Туркманистон аз ҳисоби таносуби аҳолӣ бештарин теъдоди зиндониёнро дар Осиёи Марказӣ дорад.

XS
SM
MD
LG