Ссылки доступа

Байтулмуқаддас: Бештар аз 200 фаластинӣ бистарӣ шуданд, вазъи 7 танашон бад аст


Дар қисмати арабии Байтулмуқаддас, дар минтақаи масҷиди Ал-Ақсо рӯзи душанбе дар задухурд бо пулис бештар аз 300 фаластинӣ маҷруҳ шуд.

Наздики 230 тани онҳо дар бемористон бистарӣ шуда, вазъи 7 танашон бад арзёбӣ мешавад. Дар ин бора расонаҳо бо такя ба пизишкони фаластинӣ хабар доданд. Расонаҳо навиштанд, ки шоми душанбе даргирӣ бо пулис қатъ шуд.

Пулис аз гази ашковар ва норинҷакҳои садоафкан истифода кард. Мақомоти исроилии Байтулмуқаддас тасмим гирифтанд, ки равуоро дар қисмати арабии Байтулмуқаддас маҳдуд созанд.

Рӯзи душанбе Рӯзи Байтулмуқаддас таҷлил мешавад. Ин рӯз ба хотири таҳти идораи Исроил гузаштани қисмати шарқии Байтулмуқаддас дар соли 1967 эълом шудааст. Соли ҷорӣ Рӯзи Байтулмуқаддас дар моҳи Рамазон мусодиф омад.

Мақомоти артиши Исроил гуфтанд, ки рӯзи душанбе аз сӯи низомиёни Ҳаммос ба ҳудуди Исроил се мушак партоб шудааст. Дар посух Исроил сӯи Ҳаммос тир кушодааст, хабар медиҳанд расонаҳо.

XS
SM
MD
LG