Ссылки доступа

Кӯчарӯбҳои пойтахти Қазоқистон маоши бештар талаб доранд


Даҳҳо корманди ширкати "Остона Тозалик", ки бо рубучини кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон машғуланд, боло бурдани маошашонро талаб доранд.

Кормандони норозӣ субҳи 11 май дар назди бинои ширкат ҷамъ шуда, гуфтанд, давоми чанд соли ахир маоши онҳо боре баланд карда шудааст. Дар ҳоле ки нарх дар бозорҳои Қазоқистон борҳо боло рафтааст.

"Мо паст будани маошро ҳамеша матраҳ мекунем, вале раҳбарият метарсонад: "агар маош маъқул нест, метавонед аз кор равед", - изҳор дошт яке аз кормандони "Остона Тозалик" Ҳасан Имонбек.

Ба гуфтаи кормандон, моҳонаи онҳо 120 ҳазор танга (наздики 280 доллар) аст, вале баъди пардохти андозу ва дарсади нафақа дар дасташон наздики 90 ҳазор танга мемонад.

Кормандони "Остона Тозалик" баъди мулоқот бо намояндагони шаҳрдории пойтахти Қазоқистон гуфтанд, ба онҳо ваъда дода шудааст, ки дар давоми чанд рӯз ба талабҳояшон расман посух дода мешавад.

Дар ширкати "Остона Тозалик" беш аз ҳазор одам кор мекунад. Ба гуфтаи эътирозгарон, аксари кормандон ба иллати фишори раҳбарият натавонистаанд дар таҷаммуъ иштирок кунанд.

XS
SM
MD
LG