Ссылки доступа

Дар вазорати нави сайёҳиву варзиши Узбекистон ихтисори густардаи кормандон шуруъ шудааст


Мудирони мактабҳои варзишии Узбекистон аз вазорати сайёҳӣ ва варзиши он кишвар дар бораи қатъи шартномаи ҳамкорӣ бо вазорат нома дарёфт кардаанд.

Дар сурати қатъ шудани ҳамкории вазорат бо мактабҳои варзишӣ, мудирони наздики 250 мактаби варзишии назди вазорати сайёҳӣ ва варзиш, муовинони онҳо ва инчунин муҳосибон бе кор мемонанд.

Дар номаи вазорат омадааст, ки бо қарори президенти Узбекистон аз 6 апрели соли 2021 дар заминаи вазорати тарбияи ҷисмониву варзиш ва кумитаи рушди сайёҳӣ вазорати сайёҳӣ ва варзиш таъсис шудааст.

"Дар робита ба ин мо шуморо аз бекорсозии шартномаи ҳамкорӣ давоми ду моҳи оянда огоҳ мекунем", - омадааст дар номаи вазорати нав.

Як манбаъ гуфт, ки чунин нома ба ҳамаи 250 мудири мактабҳои варзишӣ ирсол шудааст.

Дар сурати иҷрои ин амр, танҳо аз мактабҳои варзишӣ дар Узбекистон наздики 1000 кас ихтисор хоҳанд шуд.

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, чунин тасмим хилофи қонуни меҳнати Узбекистон аст.

XS
SM
MD
LG