Ссылки доступа

Созмонҳои байналмилалӣ ҳукми зиндони блогери узбекро маҳкум карданд


Созмонҳои байналмилалӣ аз додгоҳи Узбекистон даъват доранд, ҳукми Отабек Сатторӣ, блогер аз вилояти Сурхандарёи ин кишварро бекор кунад, ки бо айбҳои ба гуфтаи онҳо, "сохта" 6,5 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

"Мақомоти Узбекистон бояд Сатториро фавран озод кунанд ва ба рӯзноманигорон имкон диҳанд, ки озодона ва бидуни тарс фаъолият намоянд", - омадааст дар изҳороти "Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон" (Committee to Protect Journalists, CPJ).

Ба гуфтаи ҳамоҳангсози барномаҳои CPJ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Гулноза Саид, ҳукми Сатторӣ талоши ошкорои тарсонидани расонаҳо аст, то масъалаҳои ҷиддиро дар арафаи интихоботи президентии Узбекистон бозтоб накунанд.

"Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон" афзудааст, "иттиҳоми сохта" зидди блогери узбек нишон медиҳад, ки мақомоти Узбекистон талош доранд, то интиқодгаронро битарсонанд.

Додгоҳи ноҳияи Музрободи Узбекистон Отабек Сатториро бар пояи бандҳои "Тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми махсусан калон" ва "Туҳмат" айбдор дониста, 6,5 сол зиндонӣ кард. Додситон қаблан барои вай 11 соли зиндон талаб карда буд.

"Мо бо ин ҳукм комилан розӣ нестем. Инро ҳамаи мардум мебинад. Ҳукм комилан ноодилона аст. Баъди дарёфти нусхаи ҳалнома мо ҳатман ба зинаи болоии додгоҳӣ шикоят мебарем", - изҳор дошт вакили дифои айбдоршуда Умедбек Давлатов.

Сатторӣ 29 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Термиз боздошт шуда буд. Дертар ӯро ба тамаъҷӯӣ айбдор карданд. Додгоҳи шаҳри Тирмиз 1 феврал қарори ба ҳабси пешакӣ гирифтани блогерро содир кард.

Отабек Саттории 40-сола раиси вилояти Сурхандарёро сахт танқид карда буд. Ӯ дар яке аз навиштаҳои ахираш мақомоти маҳаллиро ба боз кардани парвандаҳои сохта зидди блогерон айбдор карда, гуфт, "бо вуҷуди таъқибҳо" бозтоби фасодкории мансабдоронро идома медиҳад.

Ахиран "Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон" (Committee to Protect Journalists, CPJ) аз мақомоти Узбекистон хоста буд, ки блогнавис Отабек Сатториро аз боздошт раҳо кунанд.

XS
SM
MD
LG