Ссылки доступа

Фаластин ба Исроил бештар аз 600 мушак партоб кард. Фурудгоҳи Телавив баста шуд


Шоми рӯзи сешанбе Фаластин ба сӯи Исроил якбора бештар аз 130 мушак партоб кард. Расонаҳо аз талафоти ҷонӣ хабар медиҳанд, аммо теъдоди дақиқи кушташудаҳо маълум нест.

Ба иттилои расонаҳо, яке аз мушакҳо ба автобуси мусофирбаре расидааст, ки байни Талавив ва Холон гардиш мекард.

Ба далели мушакборон фурудгоҳи шаҳри Телавив муваққатан баста шуда ва ҳавопаймоҳо ба фурудгоҳи шаҳри Қоҳираи Миср ирсол мешаванд.

Дар як шабонарӯзи охир аз ҳудуди Фаластин ба сӯи Исроил бештар аз 600 мушак партоб шудааст. Бештари онҳоро низоми зиддимушакии Исроил дар ҳаво маҳв кардааст, аммо чанде аз мушакҳо ба ҳадаф расидаанд.

Масъулияти партоби мушакҳоро гуруҳи Ҳаммос ва "Ҷиҳоди исломӣ" ба зима гирифтаанд.

Артиши Исроил дар навбати худ ба бештар аз 100 иншооти низомии Фаластин зарба задааст. Қисме аз ин иншоот дар наздикии манзилҳои зист қарор доштанд. Шоми рӯзи сешанбе расонаҳои фаластинӣ аз даҳҳо кушта ва чанд манзили тахрибшуда хабар доданд.

Вазъи минтақа дар рӯзҳои охир баъди он бад шуд, ки чанд хонаводаи арабро аз ноҳияи Байтулмуқаддаси Шарқӣ маъмурони исроилӣ тасмим гирифтанд, ки кӯчонанд. Ин эътирози фаластиниҳоро ба бор овард. Шоми 7 май онҳо сӯи кормандони пулиси Исроил сангу оҳанпора ва зарфҳои плостикӣ ҳаво доданд.

Барои оромиши вазъ пулис вуруди мусалмонҳоро ба масҷиди Ал-Ақсо баст. Ба навиштаи расонаҳои фаластинӣ, пулиси Исроил мусалмонҳоро бо тирҳои резинӣ ҳадаф қарор дода, норинҷакҳои садоафкан партофтааст. Баъди чанде пулис масҷидҳоро муҳосира ва мусалмонҳоро иҷборан аз он берун кард.

Қарори додгоҳ дар бораи кӯчонидани фаластиниҳо бекор шуд, аммо нооромӣ ҳамоно идома кард.

XS
SM
MD
LG