Ссылки доступа

Мақомоти тафтишотии Қирғизистон роҳбарияти кони Қумторро ба бозпурсӣ даъват карданд


Хадамоти тафтишотии вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон роҳбарияти кони тилои Қумторро дар робита ба ҳодисаи ахире, ки дар кон гузашт, ба бозпурсӣ даъват кард.

Дар ин бора мақомоти корҳои дохилии Қирғизистон иттилоъ медиҳанд.

Пулис бо моддаи "Вайрон кардани тартиботи бехатарии куҳҳо, сохтмон, корҳои таркандаи хатарнок ва ё корҳои дигар" парванда боз кардааст.

Рӯзи 1 декабри соли 2019 дар кон лағжиши куҳпора рух дода, ду коргар беному нишон шуданд, ки баъдтар онҳоро ҳамчун фавтида ба қайд гирифтанд. Рӯзи 15 феврали соли 2020 як ронандаи кон ҳамроҳ бо мошинаш ба кӯли Петрови наздики кон сарозер шуд.

Мақомот барои шоҳидӣ додан роҳбарияти ширкати "Қумтор Голд Компанӣ"-ро рӯзи 12 май ба бозпурсӣ даъват кардааст. Аммо баъдтар маълум шуд, ки роҳбарияти ширкат ба хориҷ аз Қирғизистон рафтааст.

Ахиран додгоҳе дар Қирғизистон қарор кард, ки ширкати "Қумтор Голд Компанӣ" барои хисороти муҳитзистӣ 3 миллиард доллар ҷуброн пардозад.

Қумтор - калонтарин кони тилои Қирғизистон аст. Ин конро ширкати канадагии "Сентерра Голд" коркард мекунад. Қирғизистон 26 дарсади саҳмияҳои ширкатро дар ихтиёр дорад. Ширкати мазкур 10 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилии Қирғизистон ва 20 дарсади саноати он кишварро таъмин мекунад.

XS
SM
MD
LG