Ссылки доступа

Тотористон барои қурбониёни тирпаронӣ дар мактаб мотам эълом кард


Мақомоти Тотористон дар робита ба тирандозӣ дар гимназияи рақами №175-уми шаҳри Қазон як рӯз мотам эъломкарданд. Дар ин тирпаронӣ 9 кас - 7 кӯдак ва 2 калонсол ҷон бохта, 20 тани дигар захмӣ шуданд.

Вазорати умури дохилии Тотористон аз ҳамлагар Илноз Галявиеви 19-сола ном бурдааст. Зиди ҳамлагар, ки аллакай дастгир шудааст, бо банди "куштор" парвандаи ҷиноӣ боз гаштааст.

Ҳилоли Аҳмари Русия аз эъломи ҷамъоварии маблағ барои хонаводаҳои қурбониёни тирпаронӣ хабар дод.

Мақомоти Тотористон пештар хабар доданд, ки ба хонаводаи қурбониёни ҳодиса якмиллионрублӣ ва ба захмиён 400-ҳазоррублӣ хоҳанд дод.

Тирпаронӣ дар гимназияи рақами №175, воқеъ дар қисмати шарқии пойтахти Тотористон 11 май сурат гирифт.

Бархе менависанд, ки ҳамлагар дар гузашта дар ҳамин гимназия таҳсил мекард ва чор сол пеш ба коллеҷ рафт. Эҳтимолан ӯ донишҷӯи коллеҷи назди ТИСБИ ё Донишгоҳи идоракунии Тотористон будааст. Як фарзия ин аст, ки чанд рӯз пеш аз ҳамла ба мактаб Галявиев дар Телеграм саҳифа кушода, ба куштор даъват мекард.

XS
SM
MD
LG