Ссылки доступа

Дар шаҳрҳои бузургтарини Узбекистон кӯчаҳои савдо ва фароғатӣ ташкил мешавад


Дар шаҳрҳои бузургтарин ва марказҳои ноҳияву вилоятҳои Узбекистон то 1 сентябри соли равон кӯчаҳои фароғатӣ ва савдо ташкил карда мешавад.

Дар ин бора дар қарори президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар бораи тезонидани рушди бахши хидматрасонӣ, ки 11 май ба имзо расид, гуфта шудааст.

Дар қарор, аз ҷумла омадааст, ки ба ҳамаи ширкатҳо иҷозат дода мешавад, то дар кӯчаҳои савдо ва фароғатӣ 24 соат фаъолият намоянд. Ҳамчунин гуфта мешавад, нуқтаҳо барои фурӯши телефонҳои мобилӣ тариқи музоядаи онлайнӣ фурӯхта хоҳанд шуд.

Ба ҷуз ин, дар солҳои 2021-2023 дар шаҳру ноҳияҳои Узбекистон 15 бозори деҳқон ва 115 маркази савдо бунёд карда мешавад.

XS
SM
MD
LG