Ссылки доступа

Тоҷири тоҷик гуфт, "сабаби афзоиши нархро аз гумрук пурсед" (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Тоҷири тоҷик гуфт, "сабаби афзоиши нархро аз гумрук пурсед". Дар арафаи Иди Фитр нархи маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон ба таври назаррас боло рафт. Тоҷире дар Душанбе гуфт, "сабабро дар Идораи гумрук ҷустуҷӯ кунед, на дар бозор". (видео)

- Сел дар минтақаи Кӯлоб. Боронгарии шадиди рӯзи 11-уми май дар минтақаи Кӯлоб харобӣ бар ҷой гузоштааст. Бештари харобиҳо дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба қайд гирифта шудааст. (видео)

- Дастархони идонаи сокинони Бохтар мухтасар хоҳад буд. (видео)

- Дар Тоҷикистон хатари офатҳои табиӣ аз байн нарафтааст. Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯянд, аз 5-уми май ба ин тараф қариб дар даҳ шаҳру ноҳияи кишвар сар задани офатҳои табииро сабт карданд. (видео)

- "Нимашаб буд, ки бало омад". Баъди ду рӯзи фалокат дар деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, сокинон аз хароб шудани манзил ва аз байни рафтани ҳосилашон тарсону нигаронанд. Мақомот мегӯянд, мардумро ба ҷойи бехатар кӯчонда истодаанд. (видео)

- Хотироти шоҳидони ҷанг дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Дар шабу рӯзи даргирӣ аксари гузоришҳои мо аз Чоркӯҳи Исфара буд. Вале низоъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам ҷой дошт. Фарзон Муҳаммадӣ ба ин ноҳия сафар кард ва аз шоҳидон пурсид, ки амалиёт чӣ гуна пиёда шуд? (видео)

- Сокинони Чоркӯҳ пас аз низоъ чӣ ҳол доранд? Деҳаи Хоҷаи Аъло дар ҷамоати Чоркӯҳ рӯзи 29-уми апрел макони аслии даргирӣ дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон буд. Хабарнигори Радиои Озодӣ ба ин минтақа сафар кард ва ин наворро омода кард. (видео)

- Ворух дар чӣ ҳол аст? Солҳои ахир дар робита ба баҳси марзӣ бо Қирғизистон сухан, одатан, аз ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара мерафт. Дар таниши навбатӣ ин ҷамоат аз даргирӣ эмин буд, вале сокинони он бо нигаронӣ мунтазири ҳалли баҳси марзӣ мебошанд. (видео)

- Сокинон аз нархи маҳсулоти намошгоҳи маҳусулоти Тоҷикистон норизо монданд. Намоишгоҳи фурӯши маҳсулоти Тоҷикистонро, ки имрӯз 6-уми май дар Душанбе баргузор гардид, баъзе сокинон бо норозигӣ аз нархҳои гарон, тарк намуданд. Масъулони ин намоишгоҳ гуфтанд, дар арафаи моҳи Рамазон бо ҳадафи дарстрасӣ ба маҳсулоти арзон чунин чорабиниро ташкил кардаанд. (видео)

- Қарори кумитаро зарбаи дигар ба озодии баён дар Тоҷикистон медонанд. Аз аввали соли ҷорӣ қиммати дарёфти боҷи парвона ё муҷаввизи кор барои истгоҳҳои радио ва шабакаҳои телевизионии хусусӣ дар Тоҷикистон то 20 маротиба афзоиш ёфта, ниҳоди назоратӣ дар симои Кумитаи радио ва телевизион ҳаққи мудохила ба корҳои идории онҳоро пайдо кардааст (видео)

- Мақомоти тоҷик мегӯянд, Қирғизистон 19 шаҳрванди Тоҷикистонро аз ҳудудаш ихроҷ кардааст. (видео)

- Пули нақд дар банкоматҳои "Амонатбонк"-и минтақаи Кӯлоб камчин шудааст. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG