Ссылки доступа

Додгоҳи Қазон Илназ Галявиев, ҳамлагари мактабро ду моҳ ба ҳабс гирифт


Додгоҳи ноҳияи Совети шаҳри Қазони Русия Илназ Галявиев, ҳамлагар ба гимназияи №175-ро ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Кумитаи тафтишотии Русия ӯро дар куштор айбдор кард.

Галявиев дар додгоҳ зидди ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданаш эътирозе накард.

Муфаттиш дар додгоҳ гуфт, ки Илназ Галявиев рӯзи 11 май аз силоҳе, ки бо худ оварда буд, дар гимназия 17 тир кушода, дар натиҷа 9 касро кушта, 21 каси дигарро захмӣ кардааст.

Муфаттиш гуфт, ки Галявиев айби эъломшударо комилан эътироф кардааст. Вай дар содир кардани ҷинояти ниҳоят вазнин айбдор мешавад. Барои ин гуна ҷиноят ҳабси абад пешбинӣ шудааст.

Дар натиҷаи тирпарронии рӯзи 11 май дар гимназия 7 хонанда ва 2 омӯзгор кушта шуд. Захмиҳо дар бемористон бистарӣ ҳастанд. Рӯзи 12 май кушташудаҳоро дафн карданд ва дар Тотористони Русия рӯзи мотам эълом шуд.

XS
SM
MD
LG