Ссылки доступа

Ҳамсари шаҳрванди Узбекистон, ки аз сӯи ФСБ кушта шуд, аз Қрим ихроҷ мекунанд


Сохиба Бурханова 
Сохиба Бурханова 

Додгоҳи ноҳияи Советии Қрими аз сӯи Русия ишғолшуда қарори ихроҷи Соҳиба Бурҳонова, ҳамсари Набӣ Раҳимов, шаҳрванди Узбекистонро содир кард.

Набӣ Раҳимов ҳангоми кофтукоб аз сӯи ФСБ ё хадамоти федеролии амнияти Русия кушта шуд.

Бурҳонова дар риоя накардани тартиботи вуруд ба Русия ва ё қоидаҳои будубод дар Русия айбдор шуд.

Хабар дода мешавад, ки пушти дари додгоҳ ба ҷонибдорӣ аз Бурҳонова чанде аз тарафдорони вай гирди ҳам омаданд.

Бурҳоноваро аз додгоҳ ба қабулгоҳи махсус барои шаҳрвандони хориҷӣ бурданд. Дар рӯзҳои оянда ӯро ҳамроҳ бо фарзандонаш ба Узбекистон ихроҷ хоҳанд кард.

Рӯзи 11 май дар дешаи Дубрии Қрим кормандони ФСБ манзилеро кофтукоб карданд, ки дар рафти кофтукоб шаҳрванди Узбекистон Набӣ Раҳимов кушта шуд. Мақомоти Русия гуфтанд, Раҳимов сӯи низомиён тир кушод ва дар натиҷа аз тири ҷавобӣ кушта шуд. Мақомоти интизомии Русия нагуфтанд, ки дар доираи кадом парванда манзили Раҳимов кофтукоб мешуд.

Раҳимов ҳамроҳ бо хонаводааш соли 1999 ба Русия кӯчид. Соли 2015 вай аз наздикии Москва ба Қрим рафт. Соли 2018 мақомоти Русия дархости паноҳандагии Соҳиба Бурҳоноваро рад карданд. Аз он замон то кунун ҳузури Бурҳонова дар минтақаи таҳти идораи Русия ғайриқонунӣ дониста мешуд.

XS
SM
MD
LG