Ссылки доступа

Сохтмончиёни эътирозгар дар Тошканд маош дарёфт карданд, роҳбарияти ширкат ҷарима шуд


Раиси ширкати сохтмонии "Водий саркор дизайн" дар вилояти Тошканди Узбекистон барои вайрон кардани қонуни меҳнат ҷарима шуд.

"Роҳбарияти ширкати "Водий саркор дизайн" дар вилояти Тошканд Ҳусанов Зиёдулло сокинони вилоятҳои Сурхандарё ва Фарғонаро ба кор ҷалб карда, ба онҳо маош надодааст. Напардохтани маош боиси норозигии коргарон шудааст", - хабар медиҳад вазорати меҳнати Узбекистон.

Бо дахолати мақомоти Узбекистон, ширкати мазкур 26,5 ҳазор доллари коргаронро пардохтааст.

Пештар аз ин расонаҳо хабар доданд, ки рӯзи 11 май даҳҳо тан аз сохтмончиён пушти дари ҳукумати ноҳияи Чирчики вилояти Тошканд ҷамъ омада, ба далели пардохт нашудани маошашон эътироз карданд.

XS
SM
MD
LG