Ссылки доступа

Буҳрони нави Арманистону Озарбойҷон: Пашинян Озарбойҷонро дар "ҳаракатҳои харобкорона" гумонбар мекунад


Вазорати мудофиаи Арманистон хабар дод, ки низомиёни Озарбойҷон талош кардаанд, дар марз бо Арманистон "амалиёти харобкорона" анҷом диҳанд.

Ба иттилои мақомоти Арманистон, рӯзи 12 май озарбойҷониҳо аз ҳудуди кӯли Сев лич марзи Арманистонро убур карда, се километр дарунтари хоки Арманистон рафтаанд.

Расонаҳо аз даргириҳо дар минтақаи Ишханасараи Қарабоғи Куҳӣ хабар медиҳанд. Аммо ҷониби Озарбойҷон вуруд ба хоки Арманистонро рад мекунад. Низомиёни Озарбойҷон гуфтанд, ки ба муайянсозии хати марз машғул ҳастанд.

Рӯзи 13 май Никол Пашинян, иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Арманистон дар як ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвараш вазъи кӯли Сев личро баррасӣ кард.

Пашинян рӯйдодҳои ахирро ҳаракатҳои харобкорона унвон кард.

XS
SM
MD
LG