Ссылки доступа

Яҳудиҳои Бухоро Юлдуз Усмоноваро дар яҳудиситезӣ айбдор карданд


Ҷамъияти яҳудиҳои бухороӣ дар ИМА ва Исроил бо хашму нигаронӣ ба ҳарфҳои овозхони узбекистонӣ Юлдуз Усмонова дар бораи низои Исроил бо Фаластин вокуниш нишон доданд.

Намояндагони ҷамъиятҳои мазкур аз Усмонова талаб доранд, ки аз мардуми Исроил "барои ҳарфҳои яҳудиситезонааш" узрхоҳӣ кунад.

Усмонова рӯзи 13 май дар саҳифаи Инстаграм Исроилро "ғосиб" номид. Вай илова кард, ки "Исроилро давлат намеҳисобад".

Ин овозхон ба мардуми Фаластин изҳори ҳамдардӣ кард. Усмонова гуфт, "дар сурати зарурат омодааст, барои Фаластин биҷангад".

"Мо мардуми Исроил мегӯем, ман онро давлат намеҳисобам. Зеро худашон хуб медонанд, ки ғосиб ҳастанд... Инсон дар зиндагӣ танҳо як маротиба мемирад. Агар зарур шавад, агар даъват кунанд, пас мо ба ҷанг меравем. Бигзор ин фикрро надошта бошанд, ки мо танҳо машғули худ ҳастем. Агар зарур шавад, мо муттаҳид мешавем. Фаластиниҳо - қаҳрамонони мо ҳастанд. Онҳо он замин ҳифз ва барои он меҷанганд", - навишт Усмонова.

Дар посух ба ин ҳарфҳо соҳибкор Алекс Бараев, ки дар Исроил зиндагӣ дорад, дар саҳифаи Фейсбук навишт, Усмоноваро борҳо кӯмак кардааст. Вай бо ёдоварӣ аз кӯмакҳояш аз Усмонова хост, ки аз мардуми Исроил узрхоҳӣ кунад.

Намояндаи дигари яҳудиҳои бухороии муқими Исроил Ефим Миратов навишт, ки президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бояд Юлдуз Усмонова аз унвони овозхони мардумӣ барои ин ҳарфҳояш маҳрум созад.

Наргиза Шабанова, яҳудии бухороии дигар, ки дар ИМА зиндагӣ дорад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки барои вай "Юлдуз Усмоноваи овозхон вуҷуд надорад".

Бухарских евреев объединяет и узбекский язык, и узбекский плов, и узбекская музыка
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:11:38 0:00

Вазъ дар Шарқи Наздик рӯзи 10 май бад шуд. Аз он замон то кунун бештар аз 100 фаластинӣ дар пайи мушакборони Исроил кушта шуд. Шумори кушташудаҳои Исроил ба 8 тан мерасад. Бинямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил гуфт, ки амалиёти низомии Исроил дар Навори Ғаззо "ҳар чи қадаре, ки зарур шавад, идома мекунад".

XS
SM
MD
LG