Ссылки доступа

Дар Мянмар мухолифони режими низомӣ талафот медиҳанд


Дар шаҳри Миндати Мянмар дар натиҷаи задухурд бо низомиён панҷ кас кушта, даҳ тан захмӣ ва панҷ каси дигар ҳабс шуданд.

Дар ин бора расонаҳои байналхалқӣ иттилоъ доданд.

Шуруъ аз 13 май дар шаҳри Миндат вазъи низомӣ эълом шудааст. Дар ин шаҳр, ки 40 ҳазор сокин дорад, ҳаракати шуришгарона ташкил шудааст. Аъзои шуриш бо силоҳҳои худсоз муҷаҳҳаз ҳастанд.

Рӯзи шанбе ҷангҷӯёни шуриши зидди низомиёни давлатӣ монеи вуруди низомиён ба шаҳр шуданд. Низомиёни давлатӣ бо истифода аз силоҳи вазнин сафи шуришиёнро шикаста, вориди шаҳр гардиданд.

XS
SM
MD
LG