Ссылки доступа

"Ҳаҷв — ҷиноят нест". Баъди таъқиби муаллифи Qaznews24 рӯзноманигорон ба роҳбарияти ВКД муроҷиат карданд


Боздошти муаллифи саҳифаи ҳаҷвии Qaznews24 Темирлан Енсебек ва таъқиби вай дар доираи парвандаи паҳнсозии иттилои бардурӯғ "ҳадди ақал иштибоҳи фоҳиш, ҳадди аксар - поймолсозии моддаи 20 Конститутсия аст", ки озодии эҷодиро кафолат додааст.

Дар ин бора дар номаи бози рӯзноманигорони Қазоқистон зикр шудааст, ки унвонии вазири корҳои дохилии Қазоқистон Ерлан Тургумбоев дар ҳимоят аз Темирлан Енсебек навиштаанд.

Пулиси Қазоқистон рӯзи 15 май блогери мазкурро барои навиштаҳои ҳаҷвӣ дар Instagram боздошт кард.

Мақомот дар шаҳри Алма Ато манзили Темирлан Энсебекро кофтукоб ва таҷҳизоти ӯро мусодира кардаанд. Дар ин бора ҳамсараш ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ хабар додааст.

Энсебек узви гурӯҳи "Оян, Қазоқистон" (Қазоқистон бедор шав!) аст, ки ислоҳот дар ин кишвари Осиёи Марказиро мехоҳад.

Чанд тарафдори блогер дар назди идораи полисе, ки ӯро бозпурсӣ мекарданд, эътироз карданд. Ҳамсари Эсенбек гуфт, ки ӯро эҳтимолан бо иттиҳоми паҳн кардани маълумоти бардурӯғ, ки тартиботи ҷамъиятиро дар хатар мегузорад, боздошт кардаанд.

Навиштаҳои ӯ дар Инстаграм ҳазф шудаанд. Ӯ воқеаҳои сиёсӣ дар ин кишварро ба риштаи ҳаҷв мекашид ва онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс мешуданд.

"Ҳаҷв - ҷиноят нест. Дар тамоми дунё ҳаҷву танқид, аз ҷумла унвонии роҳбарони аввали давлат, меъёр қабул шудаву рамзи рушди ҷомеа ва риояи ҳуқуқ ба озодии баёни ақида дониста мешавад", - омадааст дар муроҷиатномаи рӯзноманигорон.

Темирлан Енсенбек мегӯяд, "иттилои бардурӯғ паҳн накардааст".

XS
SM
MD
LG