Ссылки доступа

СММ аз Туркманистон хост, дар бораи рӯзноманигори маҳкумшуда иттилоъ диҳад


Чанде аз кормандони СММ аз мақомоти Туркманистон дархост карданд, ки дар бораи рӯзноманигори маҳкумшудаи туркманистонӣ Нургелдӣ Холиқов иттилоъ диҳанд.

Дар ин бора расонаҳои марбут ба Туркманистон хабар медиҳанд.

Моҳи феврали соли ҷорӣ чанд масъули ниҳодҳои марбут ба СММ бо ирсоли як номаи даҳсаҳифаӣ аз мақомоти Туркманистон хостанд, ки дар бораи ҳукми Холиқов маълумот диҳанд. Ба навиштаи расонаҳо, Холиқови 26-соларо барои ирсоли акси сафари ҳайати Созмони ҷаҳонии беҳдоштӣ ба Туркманистон 4 сол зиндонӣ кардаанд.

Дар номаи масъулони СММ омадааст, ки Холиқов рӯзи 12 июли соли 2020 ба рӯзноманигорони мустақил акси ҳайати СҶТ-ро ирсол кардааст. Рӯзи баъд рӯзноманигорро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркманистон ба бозпурсӣ даъват кардаанд. Рӯзи 26 июл Холиқов дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки ӯро дар барнагардонидани қарз дар ҳаҷми 5 ҳазор доллар муттаҳам мекунанд, ки гӯё ибтидои соли 2020 гирифтааст. Холиқов моҳи сентябри соли 2020 бо айби "қаллобӣ" 4 сол зиндонӣ шуд.

Дар бораи ҳукми Холиқов ба хешовандонаш танҳо дар моҳи декабри соли 2020 хабар доданд. Мақомот ҳамзамон ваъда доданд, ки вай дар доираи қонуни авф озод хоҳад шуд. Вале Холиқов то кунун дар зиндон боқӣ мондааст.

Масъулони СММ дар номааш гуфтаанд, ки муҳокимаи парвандаи Холиқов хилофи меъёрҳои адолати додгоҳӣ ва меъёрҳои байналхалқии риояи ҳуқуқи инсон сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG