Ссылки доступа

ИМА фурӯши аслиҳаро ба Исроил тасдиқ кард


ИМА ба Исроил дар ивази 735 миллион доллар аслиҳае мефурӯшад, ки дақиқии баланди ба ҳадаф расидан дорад. Дар ин бора рӯзномаи The Washington Post бо такя ба манобеи худ иттилоъ додааст.

Нашрия навиштааст, бархе аз демократҳои Конгресси ИМА аз фурӯши аслиҳа ба Исроил нигарон ҳастанд. Ба бовари онҳо, фурӯши аслиҳа метавонад, вазъи Шарқи Наздикро муташанниҷтар гардонад.

Нашрияи The Washington Post менависад, Исроил аслиҳаи дақиқ ба ҳадафрасанда дорад. Низомиёни Исроил мегӯянд, зарбаҳои ҳавоии онҳо ба иншооти Ҳаммос дар Навори Ғазза дақиқ ба ҳадаф мерасанд.

Ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза аз 10 май то ин замон идома доранд. Ҳаммос ба Исроил бештар аз 3 ҳазор мушак партоб карда, Исроил дар иваз бештар аз 1000 зарбаи дақиқ задааст.

Мақомоти Фаластин гуфтанд, аз 10 май то имрӯз дар Ғазза 192 кас, аз ҷумла 58 кӯдак кушта шудааст. Дар Исроил дар натиҷаи зарбаҳои Ҳаммос 10 кас фавтидааст.

Талоши ҷомеаи ҷаҳонӣ барои барқарории сулҳ ҳанӯз натиҷае наовардааст.

XS
SM
MD
LG