Ссылки доступа

Байни Ворух ва Оқсой постгоҳҳои пулис гузошта шуд


Дар марзи Ворухи Тоҷикистон ва Оқсойи Қирғизистон аз ду тараф постҳои пулис гузошта шудааст. Ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, аз субҳи 18-уми май ҷонибҳо ба гаштзанӣ ё посбонии муштараки марз оғоз карданд.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки аз соати 7:25 субҳи имруз мошинҳо дар масири Хоҷаи Аъло-Ворух ва Оқсой-Тамдик ҳаракат мекунанд. Ин тасмим пас аз мулоқоти намояндагони марзбонии ду кишвар, ки дар марзи Оқсой ва Ворух доир шуд, гирифта шудааст. Инчунин барои ҳалли саривақтии масоили марзӣ тасмим гирифта шудааст, ки ҳар ҳафта ҷаласаҳо баргузор карда шавад.

Рӯзи гузашта тоҷикҳо ва қирғизҳо аз ҳар тараф сенафариро боздошт карданд. Тибқи гузоришҳо, сокинони деҳаи Оқсой се шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карда, ба пулис супурданд то ҳадафи будубошашон дар Қирғизистон маълум шавад. Ҳамзамон ҷониби Тоҷикистон се шаҳрванди Қирғизистонро боздошт карданд.

Пас аз ин боздоштҳо сарони вилоятҳои Суғду Бодканд телефонӣ суҳбат карданд ва ба раҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду ҷониб супориш шуд, ки гуфтушунид кунанд. Пас аз мулоқот бо сокинони маҳаллӣ, афроди боздоштшудаи ду тараф раҳо карда шуданд.

Низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел рӯй дод. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҷанҷоли ахири марзӣ 19 кас кушта ва 87 кас захмӣ шуд. Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтанд.
Душанбеву Бишкек якдигарро барои оғози даргирии мусаллаҳона айбдор карда, барои таҳқиқи ҳодиса парвандаҳои ҷудогона кушодаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб танҳо 519 километри онро муайян ва нишона гузоштаанд. Минтақҳои дигари баҳсӣ, ки аз обу замину чарогоҳ иборатанд, ҳар чанд вақт сабаби занозаниву тирпарронии сокинон ва нерӯҳои ду кишвар мешаванд.

XS
SM
MD
LG