Ссылки доступа

Канада оид ба Қумтор: Ин тасмим барои ояндаи сармоягузорӣ дар Қирғизистон пайомади тӯлонӣ дорад


Вазорати корҳои хориҷӣ ва вазорати тиҷорати хурд, рушди содирот ва тиҷорати байналхалқии Канада дар мавриди ҳаводиси ахири кони тилои Қумтор дар Қирғизистон изҳороти муштарак нашр карданд.

Дар ин изҳорот омдааст, ҳамчун шарики муҳими сармоягузории Қирғизистон Канада аз рӯйдодҳои ахир атрофи кони тилои Қумтор нигарон аст.

"Мо аз тасмими порлумони Қирғизистон дар мавриди ҷорӣ кардани мудиряти берунӣ дар ширкати "Кумтор Голд Компани" ва инчунин аз тасмим дар бораи он ки Қирғизистон назорати доду ситади ширкати канадагиро зери назорат хоҳад гирифт, нигарон ҳастем. Ин тасмимҳо барои сармоягузории мустақим дар Қирғизистон таъсир хоҳанд дошт", - омадааст дар изҳорот.

Фаъолияти кони тилои Қумтор ду моҳ аст, ки идора намешавад. Дар ин бора рӯзи 17 май Оқилбек Ҷабборов, раиси комисияи давлатии тафтиши фаъолияти ширкати "Қумтор" дар порлумони Қирғизистон иттилоъ дод.

"Рӯзи ҷумъаи гузашта низоми назорати вазъи пиряхҳо қатъ карда шуд, ки ба ин тартиб ҳаёт ва бехатарии коргарони минтақа дар хатар қарор гирифт. Айни замон тақрибан ду моҳ аст, ки Қумтор мудирият намешавад. Масъулони калидии ширкати "Кумтор Голд Компани" тарки Қирғизистон кардаанд", - гуфт Ҷабборов.

Оқилбек Ҷабборов дар ҷаласаи порлумонӣ ҳамчунин гуфт, ки дар давраи президентии роҳбарони пешини Қирғизистон чи қадар тило аз кишвар ба хориҷ бурда шудааст.

"Дар даврони Акаев 156 тона, дар даврони Боқиев 68,2 тона, замони роҳбарии Отамбоев 132,6 тона, замони роҳбарии Ҷеенбеков 52,9 тона тило ба хориҷ бурда шудааст", - гуфт Ҷабборов.

Қирғизистон аз маҷмуи истихроҷи тилои кони Қумтор 1,5 млрд доллар фоида дида, ширкати Centerra Gold Inc. - 11,5 млрд доллар даромад доштааст. Дар ин бора мақомоти кунунии Қирғизистон иттилоъ медиҳанд.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 6 май бо қабули як тарҳ иҷозат дод, ки кони тилои Қумтор аз сӯи девони вазирон идора шавад. Аз ширкати Centerra Gold Inc рӯзи 16 май гуфтанд, ки тасмимгириҳои ҳукумати Қирғизистон ғайриқонунӣ аст. Ширкат ният дорад, ба додгоҳ шикоят барад.

Қумтор калонтарин кони тилои Қирғизистон аст. Ин конро ширкат Centerra Gold Inc. коркард мекунад, ки Қирғизистон дар ширкат 26 дарсад саҳм дорад.

XS
SM
MD
LG