Ссылки доступа

Вазорати адлияи Узбекистон ҳизби "Ҳақиқат ва Тараққиёт"-ро сабти ном накард


Вазорати адлияи Узбекистон ҳизби навтаъсиси сотсиал-демократии "Ҳақиқат ва Тараққиёт"-ро сабти ном накард.

Хидирназар Оллоҳқулов, роҳбари ҳизби сабтношуда хабар дод, ки вазорати адлия гуфтааст, қисме аз имзоҳои ҷамъшуда қобили қабул нестанд ва қисми дигари имзоҳо барои сабти номи ҳизб дар ҳоли тафтиш ҳастанд.

Аммо як манбаъ гуфт, ки вазорати адлия барои сабти ном накардани ҳизб "тасмими қатъӣ гирифтааст".

Дар ибтидои моҳи апрели соли ҷорӣ бархе аз сокиноне, ки барои сабти номи ҳизб имзо гузошта буданд, зери фишори мақомот имзоҳои худро бозпас гирифтанд.

Роҳбари ҳизб мегӯяд, вазорати адлия имзоҳои ҷамъовардаи онҳоро дар ихтиёри вазорати корҳои дохилӣ ва гвардияи миллии Узбекистон гузоштааст. "Ин амали вазорати адлия хилофи қонун аст", - гуфт Оллоҳқулов.

Вай гуфт, тасмим доранд, бори дигар имзои заруриро барои сабти номи ҳизбҳо ҷамъоварӣ ва ба вазорати адлия супоранд

Қарор аст, тирамоҳи соли ҷорӣ дар Узбекистон интихоботи президентӣ баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG