Ссылки доступа

Дар шаҳри Алмато баъди эътироз ба фармоишрасонҳо низоми пардохти пешинро баргардониданд


Баъди эътирози даҳҳо корманди ширкати хидматрасонии фармоиши ғизо Wolt дар шаҳри Алматои Қазоқистон, корфармо ба эътирозгарон ваъдаи иҷрои талаботро дод ва ҳамзамон низоми пешини пардохти ҳаққи заҳматро барқарор кард.

Рӯзи 18 май фармоишрасонҳо пушти дари ширкат ҷамъ шуданд ва аз роҳбарият се талаб карданд: ҳаҷми пешини пардохт боқӣ монад, саҳифаи коргарон боз шавад ва меёъри ройгон тай кардани як километр роҳ бекор шавад.

Фармоишрасонҳои Wolt, ки аз ҳафтаи гузашта ба ин тараф эътироз доштанд, пушти дари ширкат ҷамъ шуданд.

"Муваққатан низоми пешини пардохт барқарор мешавад. Барои ҳалли ниҳомии масъала гуфтугуҳо идома доранд", - гуфт Алибек Есов, намояндаи ширкати Wolt дар Қазоқистон.

XS
SM
MD
LG