Ссылки доступа

Дар Токио иттиҳоди пизишкон ба бекорсозии Олимпиада даъват дорад


Дар Ҷопон як иттиҳоди бонуфузи пизишкон аз мақомоти он кишвар даъват дорад, ки Олимпиадаи тобистона дар шаҳри Токио манъ карда шавад.

Ин дар ҳолест, ки то шуруъи бозиҳо камтар аз 3 моҳи дигар монда, аммо гирифторӣ ба вабои коронавирус дар ҳоли афзоиш аст.

Иттиҳоди пизишкони фаъоли Токио, ки наздики 6 ҳазор пизишкро фаро мегирад, хабар дод, беморхонаҳои шаҳри Токио дар айни ҳол пур аст бемор аст. "Мо исрор меварзем, ки мақомоти кишвар Кумитаи байналхалқии Олимпиро аз душвории баргузории бозиҳо огоҳ созанд ва бекорсозии бозиҳоро талаб кунанд", - омадааст дар номаи эътилофи пизишкон.

Даъватномаи онлайнии қатъи Бозиҳои олимпӣ низ аз суи садҳо корбар ҷонибдорӣ ёфтааст.

Сарвазири он кишвар Ёсихидэ Суга мегӯяд, дар сурати андеидани чораҳои зарурӣ Ҷопон метавонад, баргузории амни бозиҳоро таъмин кунад.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио қарор буд, тобисони соли 2020 баргузор шавад. Аммо ба далели авҷи вабои коронавирус то тобистони соли 2021 ба таъхир гузошта шуд.

XS
SM
MD
LG