Ссылки доступа

Манижа ба даври ниҳоии "Евровидение" роҳ ёфт


Манижа
Манижа

Манижа Сангин, овозхони 29-солаи зодаи Тоҷикистон, ки дар озмуни байналмилалии мусиқии "Евровидение" Русияро намояндагӣ мекунад, бо таронаи "Russian woman" ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Даври ниҳоии озмуни бонуфуз 22-юми май дар Роттердами Ҳолланд баргузор мешавад. Аз миёни кишварҳои Шӯравии собиқ, инчунин, намояндагони Литва, Озарбойҷон ва Украина ба озмуни ниҳоӣ роҳ пайдо карданд.

Ҳамин тариқ, аз руи натиҷагирии даври аввали ниманиҳоӣ, намоянагони даҳ кишвар ба финал баромаданд. Боз 10 ширкаткунандаи даври ниҳоии озмун рузи 20-уми май тибқи натиҷагирии даври дигари ниманиҳоӣ, маълум хоҳанд шуд.

Ба ин тартиб, дар даври ниҳоӣ, ки рӯзи 22-юми май баргузор мешавад, 20 овозхон барои ҷоизаҳо мубориза мебаранд.

Манижа Сангин рӯзи 8-уми марти имсол дар натиҷаи овоздиҳии тамошобинони шабакаи аввали Русия ғолиб шинохта шуд ва ҳамакнун дар сабқати таронаҳо дар "Евровидение" аз Русия намояндагӣ мекунад.

"Евровидение" имсол аз 18 то 22-юми май бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ доир мешавад. Соли гузашта ин озмун бинобар пандемияи коронавирус баргузор нашуда буд.

XS
SM
MD
LG