Ссылки доступа

Назарбоев дар ивази Сахаров. Намоиши мамнуъро дар Москва ба аксҳо дар бораи Қазоқистон табдил доданд


Мақомоти шаҳри Москва рӯзи 17 май намоиши бахшида ба 100-солагии зодрӯзи ҳомии ҳуқуқи русиягӣ, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Андрей Сахаровро бекор карданд.

Маркази Сахароваи Москва тасмим дошт, намоиши "Андрей Дмитриевич Сахаров: умеду нигаронӣ"-ро баргузор кунад. Қарор буд, ин намоишгоҳ 17 май, чаҳор рӯз пеш аз 100-солагии Сахаров дар шакли силсиланамоишҳои кӯчагӣ дар Москва шуруъ шавад.

Дар намоишгоҳ аксҳои Сахаров, нақли қавлҳои вай аз ёддоштҳояш ва мақолаву суханрониҳояш мебоист намоиш дода мешуд.

Рӯзи 18 май телевизиони "Дождь" хабар дод, ки мақомоти Москва намоиши Сахаровро ба намоишгоҳи "Қазоқистон - қалби Авруосиё" иваз кардаанд. Ҳамакнун дар ин намоишгоҳ таърих ва зарфияти сайёҳии Қазоқистон ба намоши гузошта мешавад. Як ғурфаи алоҳида ба "елбасӣ" Нурсултон Назарбоев ва як ғурфаи дигар ба "Қазоқистону Русия - дӯстие, ки дар дарозои замон озмуда шудааст", бахшида мешавад.

Бахшида ба 100-солагии Сахаров рӯзи 21 май ҷашнвораи Озодӣ баргузор хоҳад шуд. Ин ҷашнвора ба ҳамаи зиндониёни сиёсӣ бахшида мешавад.

Андрей Сахаров 21 майи соли 1921 дар Москва таваллуд шудааст. Вай олими соҳаи физика, академик ва яке аз ихтироъкорони бомби гидрогенӣ буд. Соли 1975 барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел шуд. Декабри соли 1979 ва январи соли 1980 Сахаров зидди лашкаркашии Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон баромад кард. Баъди ин изҳорот Сахаровро бо хонаводааш аз Москва ба Нижний Новгород бадарға карданд.

Вай то соли 1986 дар бадарға буд. Сахаров баъди се соли баргаштан аз бадарға дар манзилаш дар шаҳри Москва вафот кард.

Соли ҷорӣ мақомоти Русия "Маркази Сахаров"-ро шомили рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" карданд.

XS
SM
MD
LG