Ссылки доступа

Оғози ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии СПАД дар Душанбе


Архивное фото

Имрӯз, чоршанбеи 19-уми май дар шаҳри Душанбе нишасти вазирони корҳои хориҷии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ё СПАД баргузор мешавад.

Барои ширкат дар нишаст вазирони корҳои хориҷаи панҷ узви СПАД, аз ҷумла Русия, ба Душанбе омадаанд. Дар назар аст, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо иштирокдорони нишаст дидор кунад.

Ин нишаст дар пайи он сурат мегирад, ки моҳи гузашта дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон-ду узви СПАД муноқишаи мусаллаҳона сар зад. Маълум нест, ки то куҷо ин масъала дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷӣ баррасӣ мешавад.

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ соли 1992 таъсис ёфта ва феълан Қирғизистону Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Арманистон ва Беларус узви он ҳастанд.

XS
SM
MD
LG