Ссылки доступа

Назарбоев аз "таҳдидҳои гибридӣ" ҳушдор дод ва ба тақвияти артишу сарҳад даъват кард


Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон ва раиси доимии Шӯрои амнияти он кишвар дар ҷаласаи Шӯро рӯзи 19 май аз "таҳдидҳои гибридӣ" ҳушдор дод ва гуфт, артиш бояд барои ин гуна таҳдидҳо омода бошад.

"Мо на танҳо бояд ба ҷангҳои анъанавӣ, балки ассиметрӣ ё номутақорун ҳам омода бошем. Таҳдидҳои гибридӣ барҷастатар мешаванд. Муқовимат бо онҳо неру ва василаҳои вижаро талаб мекунад. Ҷанги солҳои охир - дар Сурия ва Қарабоғи Куҳӣ нишон дод, ки нақши асосиро назорати моҳвораӣ ва иртибототу пайгирӣ мебозанд. Артиши оянда бояд бо афзорҳои муосир, неруҳои ҳавоии бесарнишин ва силлоҳи дақиқ ба ҳадафрасанда таъмин бошад", - гуфт Назарбоев.

Вай ҳамзамон дар ҷаласаи рӯиз 19 май гуфт, ки "марзҳои Қазоқистон бояд аз ҳама гуна таҳдидҳо ҳифз карда шаванд".

XS
SM
MD
LG