Ссылки доступа

Расонаҳо: Таҳрими пахтаи Шинҷон ба нафъи Узбекистон аст


Бозори пахтаи Узбекистон метавонад, серхаридор шавад. Зеро харидорони пахта дар саросари дунё аз хариди пахтаи Шинҷони Чин худдорӣ мекунанд.

Дар ин бора нашрияи “The South China Morning Post” дар Ҳонконг хабар медиҳад.

Чин дувумин кишвари пахтапарвари дунё аст. Дар корхонаҳои коркарди пахта дар Шинҷон бештар аз 600 ҳазор кас кор мекунад. Соли гузашта Чин наздики 5,9 млн тона пахта истеҳсол кард.

Таҳлилгарон мегӯянд, Узбекистон, ки барои истифодаи меҳнати маҷбурӣ дар пахтазорҳо танқид ва таҳрим шуда буд, метавонад барои Шинҷон намунаи ибрат гардад.

“The South China Morning Post” менависад, фаъолони Узбекистон аз меҳнати маҷбурӣ дар пахтазорҳо шикоят мекарданд. Дар соли 2007 фаъолон маъракаи байналхалқии “Cotton Campaign” ба роҳ монданд ва таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба истеҳсоли пахта дар Узбекистон ҷалб карданд.

Баъди он нисбати Узбекистон таҳрим ҷорӣ шуд. Бузургтарин ширкатҳои истеҳсоли либос аз хариди пахтаи Узбекистон худдорӣ варзиданд.

“Cotton Campaign” менависад, он замон Узбекистон барои бекор кардани меҳнати маҷбурӣ чораҷӯи кард. Нашрия менависад, ки ҳукумати Чин ба мушкили монанд ба Узбекистон мувоҷеҳ хоҳад шуд.

СММ ва ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, бештар аз як миллион ӯйғуртабор ва дигар ақалиятҳои миллӣ дар Шинҷони Чин ба меҳнати маҷбурӣ ва урдугоҳҳо ҷалб шудаанд.

Мақомоти Чин мегӯянд, урдугоҳҳо бо ҳадафи бозтарбияи сокинон таъсис шудаанд. Сарфи назар аз ин моҳи январи соли ҷорӣ Вашингтон воридоти пахта ва маҳсулоти пахтаи Шинҷонро манъ кард. Канадаву Бритониё низ ҳамин тасмимро гирифтанд.

То кунун чанд ширкати маъруфи дигар низ хариди пахта ва маҳсулоти пахтаи Чинро манъ карданд.

Фан Дӣ, устоди Донишгоҳи политехникии Ҳонконг дар мақолае дар нашияи "South China Morning Post" навиштааст, ки харидорон бо даст кашидан аз пахтаи Шинҷон мумкин аст, ба хариди пахтаи Узбекистон рӯ оранд.

XS
SM
MD
LG