Ссылки доступа

"Ин ГУЛАГ нахоҳад буд": сардори маҳбасҳои Русия гуфт, маҳбусон кор фармуда шаванд


Мудири Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои (ХФИҶ) Русия Александр Калашников гуфт, ХФИҶ омода аст, барои маҳбусон дар иншоотҳои сохтмонии бузург урдугоҳ таъсис диҳад.

Вай ҳамзамон афзуд, "таъсиси урдугоҳҳо шабеҳи ГУЛАГ нахоҳанд буд, балки комилан шароитҳои нав ташкил мешавад ва маҳбус метавонад, дар хобгоҳ истиқомат кунад ё манзилеро иҷора гираду бо хонаводааш зиндагӣ карда, моаш дарёфт кунад", - нақли қавл кардааст хабаргузории ТАСС аз Калашников.

Ба гуфтаи Калашников, дар Русия 188 ҳазор маҳбус ҳаққи дархости иваз кардани муҳлати адои ҷазоро ба меҳнати маҷбурӣ доранд.

Айни замон, ба гуфтаи Калашников, камбуди неруи корӣ дар бисёре аз иншооти сохтмонӣ аз ҳисоби муҳоҷирон таъмин карда мешавад. Калашников мегӯяд, маҳбусон метавонанд, муҳоҷиронро иваз кунанд.

Дар солҳои 1930-1950 маҳбусони шӯравӣ дар иншооти сохтмонӣ иҷборан кор фармуда мешуданд. Дар сохтмони роҳи мошингарди БАМлаг, ки шомили низоми ГУЛАГ аст, бештар аз 2 миллион кас кор фармуда шудааст.

XS
SM
MD
LG