Ссылки доступа

Иттиҳоди Аврупо ба созиш расид: гувоҳномаҳои сайёҳӣ дар 27 кишвар амал мекунанд


Иттиҳоди Аврупо бо нашри гувоҳномаҳои COVID ба шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳод иҷоза медиҳад, ки дар дохили 27 кишвари Иттиҳоди Аврупо равуо кунанд.

Қонунгузорони Иттиҳоди Аврупо рӯзи 20 май ба ин созиш расиданд. Созиши мазкур ба шаҳрвандон ва сокинони 27 кишвари узви Иттиҳод имкон медиҳад, бо дастрасии гузарномаи рақамӣ, ки дар он дар бораи воксин гирифтан ва натиҷаи ташхиси вабои коронавирус иттилоъ дода шудааст, дар дохили Иттиҳоди Аврупо гашту гузор кунад.

Кишварҳое, ки аз сайёҳӣ вобаста ҳастанд, пешниҳоди нашри чунин гувоҳномаҳоро карда буданд.

XS
SM
MD
LG