Ссылки доступа

Мирзиёев пешниҳод кард, парвози ҳавопаймоҳо миёни кишварҳо аз сар гирифта шавад


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруоисё (ИИАО) пешниҳод кард, ки парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо ва ҳаракати қатораҳои мусофирбар аз сар гирифта шавад.

"Ба назари мо, бо назардошти эътидоли вазъи эпидемиологӣ дар пайи эмкунии сокинон вақти азсаргирии парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо ва ҳаракати қатораҳои мусофирбар фаро расидааст", - изҳор дошт Мирзиёев рӯзи ҷумъаи гузашта дар ҷаласаи онлайнии Шӯрои олии ИИАО.

Вай илова кард, ки Узбекистон омодааст, дар мавриди бартарафсозии монеаҳои тиҷорӣ бо ИИАО фаъолона ҳамкорӣ кунад.

XS
SM
MD
LG