Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон бо сафари корӣ ба Русия рафт


Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон имрӯз, 24 май бо сафари корӣ ба шаҳри Сочии Русия рафт.

Маркази матбуотии президенти Қирғизистон хабар дод, ки вай бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот мекунад.

"Дар мулоқот ба манофеи муштараки таъмини амният дар минтақа, аз ҷумла дар доираи СПАД, ИДМ ва СҲШ, инчунин густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё таваҷҷуҳ хоҳад шуд", - хабар медиҳад маркази матбуотии президенти Қирғизистон.

Расонаҳо менависанд, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев ва мудири шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон Достон Дюшекеев дар ҳайати президенти Қирғизистон шомил ҳастанд.

Пештар аз ин хабар расида буд, ки Ҷабборов бо Путин дар ин мулоқот масъалаи тақвияти субот дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистонро баррасӣ хоҳад кард.

Рӯзи 8 май Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар Москва мулоқот ва "ҳаводиси ахир дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистонро гуфтугӯ кард".

Рӯзҳои 29-30 апрели соли равон дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон низоъ сар зада, дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо кас кушта ва даҳҳо манзили зист ба коми оташ рафт.

XS
SM
MD
LG