Ссылки доступа

Дар Қазоқистон ҳайвонҳои нодирро "зинда" мегӯронанд (видео)


Дар Интернет видеое нашр шудааст, ки нишон медиҳад, дар Қазоқистон ҳайвонҳои нодир ва шомили Китоби сурхро зинда мегӯронанд.

Блогер Ботир Сейкенов, ки видеоро нашр кардааст, дар як муроҷиати худ аз вазири экологияи Қазоқистон суол карда, ки зинда гӯронидани ҳайвони шомили Китоби сурх - сайгак то куҷо аз нигоҳи ахлоқӣ дуруст аст.

"Мансабдороне, ки масъули ҳифзи табиат ҳастанд, чаро ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд? Зеро ин ҳама натиҷаи беамалӣ, бефаъолиятӣ ва бетаваҷҷуҳӣ ба ҳифзи олами ҳайвонот аст. Пеш аз ҳама, онҳо бояд муҷозот шаванд", - мегӯяд блогер.

Дар Вазорати экологияи Қазоқистон ба видеои нашршуда вокуниш нишон доданд, вале ба он мақомоти маҳаллиро айбдор карданд.

"Видео ҳангоми маҳви бозмондаҳои ҳайвонҳои ҳалокшуда дар вилояти Қазоқистони Ғарбӣ сабт шудааст. Ҷамъоварӣ ва маҳви бозмондаҳои ҳайвонҳои ҳалокшударо маъмурияти минтақаи Таус анҷом медиҳад. Он чизе, ки рух додаасту дар видео омадааст, ғайриқобили қабул аст", - гуфт сухангӯи вазири экологияи Қазоқистон Самал Ибраева.

Шумори сайгакҳо дар Қазоқистон феълан ба беш аз 350 ҳазор мерасад. Онҳо ҳамчун ҳайвони нодир ба Китоби сурх шомил карда шудаанд. Қочоқчиён бо вуҷуди манъ будан шикори онҳоро идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG