Ссылки доступа

Вазири адлияи Русия пешниҳоди истифодаи маҳбусон ба ҷойи муҳоҷиронро ҷонибдорӣ кард


Константин Чуйченко

Вазири адлияи Русия Константин Чуйченко пешниҳоди Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои он кишварро, ки гуфт маҳбусон ба ҷои муҳоҷирон ба кор ҷалб карда шаванд, ҷонибдорӣ кард.

Ба гуфтаи Чуйченко, дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои Русия ҳудуди 180 ҳазор маҳбусе нигаҳдорӣ мешавад, ки ҳаққи тағйири муҳлати ҷазои зиндонашон ба корҳои ислоҳиро доранд.

"Мо бо соҳибкорон гуфтугӯ ва созишнома имзо мекунем. Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо дар Русия болои ин тарҳ фаъолона кор мекунад. Теъдоди марказҳои ислоҳӣ рӯзҳои наздик дар мо афзоиш хоҳад ёфт", - иқтибос овардааст Хабаргузории "Интерфакс" аз суханони Чуйченко.

Мақомоти идораи зиндонҳои Русия ахиран пешниҳод кард, дар ҷойҳое, ки муҳоҷирони корӣ намерасанд, маҳбусон ба кор ҷалб шаванд.

Александр Калашников, роҳбари Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо дар Русия ба хабаргузории “РИА Новости” гуфт, масъалаи ҷалби маҳбусон ба ҷойи муҳоҷирон бояд дар ҳама минтақаи Русия баррасӣ шавад. “Ин ҳамчун лагерҳои меҳнати маҷбурӣ нахоҳад буд, онҳо соҳиби шароити комилан муносиб хоҳанд шуд. Чунин шахсон дар хобгоҳ меистанд ва корфармоён барои онҳою хонаводаашон шароити зиндагиро фароҳам мекунд,”-гуфт роҳбари идораи зиндонҳои Русия.

Дар зиндонҳои Русия феълан 483 ҳазор маҳбус адои ҷазо мекунанд.

Тибқи омори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Русия ё ФСИН то оғози соли 2020 беш аз 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар маҳбасҳои ин кишвар адои ҷазо мекардаанд.

XS
SM
MD
LG