Ссылки доступа

Русия имкони истеҳсоли воксини "Спутника V"-ро дар Қирғизистон меомӯзад


Русия имкони истеҳсоли воксини зидди вабои коронавирус "Спутник V"-ро дар Қирғизистон меомӯзад. Дар ин бора президенти Русия Владимир Путин рӯзи 24 май дар мулоқот бо ҳамтои қирғизистониаш Содир Ҷабборов хабар дод.

Путин ҳамзамон гуфт, ки Русия тасмим дорад, минбаъд низ ба Қирғизистон дар амри мубориза бо коронавирус кӯмак расонад.

"Мутахассисони мо ҳоло имкони ба роҳ мондани истеҳсоли воксини "Спутник V"-ро дар Қирғизистон меомӯзанд", - гуфт Путин.

Рӯзи 22 апрел Қирғизистон 20 ҳазор вояи воксини "Спутник V" дарёфт кард. Як вояи воксини истеҳсолии Русия зидди вабои коронавирус 10 доллар арзиш дорад. Қирғизистон 15 ҳазор вояи воксинро харида, 5 ҳазор вояи дигар ройгон дарёфт кардааст. Интизор меравад, Русия 100 ҳазор вояи дигари воксин ба Қирғизистон фиристад.

XS
SM
MD
LG