Ссылки доступа

Порлумони Қирғизистон аз девони вазирон хост, шартномаи сохтани "Шаҳри бехатар"-ро бо ширкати чинӣ бекор кунад


Рискелдӣ Мамбеков, вакили порлумони Қирғизистон аз девони вазирони он кишвар даъват кард, ки шартномаи ҳамкорӣ бо ширкати чинии Shenzhen Sunwin Intelligent Co. Ltd -ро бекор кунад.

Ин ширкати чинӣ ба амалисозии марҳилаи дувуми тарҳи "Шаҳри Бехатар" дар Қирғизистон машғул аст.

Вакили порлумон дар ҷаласаи рӯзи 25 май гуфт, ҳангоми баргузории тендер ба қонуншиканӣ роҳ дода шудааст. Вай гуфт, аз се кафолати бонкие, ки ширкат пешниҳод карда буд, сетои он ҷаълӣ будааст. Ба ҷуз ин, Палатаи ҳисоби Қирғизистон хабар дод, ки ширкати чинӣ барои амалисозии тарҳи "Шаҳри бехатар" маблағи ниҳоят камро пешниҳода кардааст.

"Тендер дар ҳаҷми 5 млрд 700 млн сом эълом шуда буд. Ширкати чинӣ барои амалисозии тарҳ ҳамагӣ 2 млрд 700 млн сом пешниҳод кард. Ин нукта боиси шубҳа аст. Онҳо ба даромад аз ҳисоби ҷаримаҳо ниёзманд нестанд. Ба илова, дурбинҳои онҳо на танҳо мошинҳо, балки одамонеро ҳам шиносоӣ ва сабт мекунанд, ки дар дохили мошинҳо ҳастанд", - гуфт вакили порлумони Қирғизистон Рискелдӣ Момбеков.

Бино ба шартномаи соли 2019, ширкати чинии Shenzhen Sunwin Intelligent Co. Ltd мебоист, он сол марҳилаи дувуми тарҳи "Шаҳри бехтар"-ро амалӣ мекард. Аммо вабои коронавирус монеи амалисозии тарҳ шуд. Ҳамакнун ин шартнома то 18 июни соли 2021 муҳлат дорад.

Рӯзи 20 май мақомоти Қирғизистон хабар доданд, ки вазири руши рақамии он кишвар Азамат Дийканбоев бо гумони талаби пора дар ҳаҷми 2 млн 600 ҳазор сом аз ширкати чинии Shenzhen Sunwin Intelligent Co. Ltd боздошт шудааст. Мақомот гуфтанд, ки Дийканбоев ин маблағ барои тамдиди муҳлати амалисозии тарҳ талаб кардааст.

Дийканбоев ин айбро рад мекунад.

Тарҳи "Шаҳри бехатар"-и Қирғизистон 7 вилоят, 15 шаҳру маркази ноҳия ва 73 минтақаи аҳолинишинро фаро мегирад. Марҳилаи аввали тарҳ аз сӯи ширкати русии "Вега" амалӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG