Ссылки доступа

Аз нимаи моҳи июн Uzbekistan Airways ба фурудгоҳи "Домодедово"-и Москва парвоз анҷом медиҳад


Шуруъ аз 15 июн ширкати ҳавопаймоии Узбекистон Uzbekistan Airways парвозҳо ба фурудгоҳи "Домодедово"-и Москваро дубора барқарор мекунад.

"Чунин тасмим дар навбати аввал ба хотири рифоҳ ва таъмини хизматрасонии беҳтар ба мусофирони ширкати Uzbekistan Airways гирифта шудааст", - хабар медиҳад маркази матбуотии ширкати мазкур.

Расонаҳо навиштанд, ки баъди 15 июни ширкати ҳавопаймоии Узбекистон ба фурудгоҳи "Внуково"-и Москва парвоз анҷом нахоҳад дод.

Аммо ширкати Uzbekistan Airways дар ин бора то кунун иттилое надодааст.

XS
SM
MD
LG