Ссылки доступа

Эътирози фурӯшандаҳои сарироҳӣ дар пойтахти Қазоқистон (видео)


Ҳудуди 30 зане, ки дар наздикии бозори "Шапагат"-и шаҳри Нурсултони Қазоқистон бо савдои сарироҳӣ машғул ҳастанд, субҳи 24 май даст ба эътироз заданд.

Эътирозгарон аз шаҳрдории пойтахти Қазоқистон талаб карданд, ки ба фаъолияти савдои сарироҳии онҳо дар ҷойи пешинашон дубора иҷозат дода шавад.

Ба гуфтаи фурӯшандаҳо, мақомоти Нурсултон аз онҳо талаб кардаанд, ки ба далели анҷоми "корҳои ободонӣ" назди бозори "Шапагат"-ро холӣ кунанд.

Мақомоти қазоқ ба фурӯшандаҳо ҷои дигареро барои савдо пешниҳод кардаанд, вале эътирозгарон мегӯянд, ҷое, ки барои онҳо пешниҳод шудааст, камодам буда, ҳамчунин аз онҳо пул талаб мешавад.

Мақомоти шаҳри Нурсултон қаблан фурӯшандаҳои сарироҳиро ҳушдор додаанд, ки бозорҳои худҷӯш пурра аз байн бурда мешавад.

Вале фурӯшандаҳо бо ин тасмими мақомоти Нурсултон розӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, ягона манбаи даромадашон савдои сарироҳӣ аст ва бинобар ин, ба хотири ҳифзи бозорҳои худҷӯш муроҷиатеро ба унвони президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев омода доранд.

XS
SM
MD
LG