Ссылки доступа

Арманистон гуфт, як низомияш дар марз бо Озарбойҷон кушта шуд


Вазорати дифои Арманистон хабар дод, ки як низомии он 25 май дар натиҷаи задухурди мусаллаҳона бо неруҳои Озарбойҷон кушта шуд.

Ба иттилои вазорат, задухурд дар деҳаи наздисарҳадии Верин Шоржаи вилояти Гегаркуники Арманистон рӯзона сурат гирифтааст. Ба даргирӣ оташкушоии сарбозони Озарбойҷон ба мавзеъҳои низомиёни Арманистон сабаб шудааст. Верин Шоржа бо минтақае ҳаммарз аст, ки Озарбойҷон дар натиҷаи низои ахири Қарабоғ соҳиб гаштааст.

Вазорати дифои Озарбойҷон дар навбати худ гуфт, нерӯҳои ин кишвар дар куштори сарбози Арманистон даст надоранд.

Низоъ дар Қарабоғи Куҳӣ аз охири солҳои 80-уми асри гузашта идома дорад. Мақомоти вилояти мухтори Қарабоғи Куҳӣ, ки бештари аҳолиаш арманитабор ҳастанд, талаб доштанд, ки вилоят аз ҳайати Озарбойҷони шӯравӣ ба Арманистон гузаронида шавад. Баъди фурӯпошии шӯравӣ дар минтақа низои мусаллаҳона сар зад. Дар натиҷа Боку назоратро дар чандин қисмҳои вилояти мухтор аз даст дод. Истиқлоли ҷумҳурии Қарабоғи Куҳиро ҳеч кадом кишвари дунё эътироф накард.

Рӯзи 27 сентябри соли гузашта байни Озарбойҷон ва Арманистон дар Қарабоғи Куҳӣ якбора низоъ шиддат гирифт. Артиши Озарбойҷон чанд ноҳияи Қарабоғи Куҳиро соҳиб шуд.

XS
SM
MD
LG