Ссылки доступа

Дар Узбекистон баъди марги як бемор хешовандон пизишкро латту кӯб карданд


Рӯзи 24 май дар ноҳияи Қушрободи вилояти Самарқанди Узбекистон як зани 49-сола баъди табобати пизишки ёрии таъҷилӣ фавтид.

Ба гуфтаи шоҳидон, наздикони зани фавтида пизишки ёрии таъҷилиро бо айби нодуруст гузаронидани сӯзандору латту кӯб кардаанд.

Вазъи сиҳатии Лола Душановаи 49-сола, сокини ноҳияи Қушрободи Узбекистон шоми 24 май бад шуда, хешовандонаш ёрии таъҷилӣ даъват кардаанд.

"Мо намедонем, ки пизишк ба ӯ чи гуна дору гузаронид. Вале вазъаш якбора бад шуд. Зан билофосила баъди гирифтани сӯзандору фавтид. Писарони зан пизишкро латту кӯб карданд", - гуфт як шоҳиди ҳодиса.

Ин бори аввал нест, ки дар Узбекистон пизишкон латту кӯб мешаванд. Дар як ҳодисаи ҳамсон дар соли 2019 сокинон дар ноҳияи Асакини вилояти Андиҷони он кишвар пизишкро латту кӯб карда буданд.

Вазорати ҳифзи тандурустии Узбекистон аз додситонии кулли он кишвар дар гузашта дархост карда буд, ки ҳифзи ҳуқуқҳои пизишконро тақвият бахшад.

XS
SM
MD
LG