Ссылки доступа

Маҳбуси қирғиз ҳангоми фирор аз зиндон кушта шуд


Kyrgyzstan - #47 Prison, Bishkek, 28Dec2011

Яке аз маҳбусоне, ки шаби 25 май мехостанд, аз зиндони №27-и вилояти Чуйи Қирғизистон фирор кунанд, кушта шудааст.

Зиндонбон баъди мушоҳидаи кушиши фирори 2 маҳбус нахуст ба осмон ва сипас ба самти онҳо оташ кушодааст. Дар натиҷа яке аз онҳо ҷон бохтааст.

Ин ду маҳбус, ки соли таваллудашон 1963 ва 1999 аст, барои содир кардани ҷинояти вазнин - таҷовуз ва куштори ноболиғ ба муҳлати аз 10 то 21 сол аз озодӣ маҳрум шуда буданд.

Таҳқиқи қазия оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG