Ссылки доступа

Ҳизби "Эрк" овозхон Ҷаҳонгир Отаҷоновро мехоҳад, номзади интихоботи президентии Узбекистон кунад (видео)


Рӯзи 26 май ҳизби мухолифи ҳукумати Узбекистон "Эрк" ("Ирода") хабар дод, ки Ҷаҳонгир Отаҷонов, овозхони пешини узбекистониро дар интихоботи президентии тирамоҳи соли ҷорӣ номзад хоҳад кард.

"Нисфирӯзии 26 май наздики 20 марду зан бо садову ҳаёҳу вориди манзили Отаҷонов дар шаҳри Тошканд шуданд. Он замон ҷаласаи ҳамҳизбиён баргузор мешуд. Воридшудагон талош карданд, ки ҷамъомадро барҳам зананд. Аммо то он замон ҳамҳизбиён пешбарии номзадии Отаҷоновро тасдиқ карда буданд", - гуфт Абдусалом Эргашев, яке аз фаъолони ҳизби "Эрк".

Ҷаҳонгир Отаҷонов дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, мардону заноне, ки вориди манзили вай шуданд, ӯро таҳқир ва манзилашро тухмборон кардаанд.

"Имрӯз ман бархе аз фаъолони ҳизби "Эрк"-ро ба манзилам даъват кардам. Дар натиҷа дар хонаи ман чунин намоишнома ташкил шуд", - навишт Отаҷонов.

Ҷаҳонгир Отаҷонови 42-сола моҳи декабри соли 2020 эълом кард, ки тарки саҳнаи овозхонӣ мекунад. Вай дар моҳи январи имсол гуфт, тасмим дорад, ки дар интихоботи президентии моҳи октябр ширкат варзад.

Қонунгузории Узбекистон талаб мекунад, ки номзадҳо танҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ шаванд.

Ҳизби сиёсии "Эрк" аз сӯи мухолифи ҳукумати Узбекистон Муҳаммад Солиҳ дар солҳои 90-уми асри гузашта таъсис шудааст. Муҳаммад Солеҳ солҳои тӯлонист, ки дар Туркия паноҳанда аст.

Баъд аз эъломи ширкат дар интихоботи пешорӯи президентӣ дар Узбекистон нисбати Ҷаҳонгир Отаҷонов таҳқиру туҳматҳо зиёд шудааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз вай талаб доранд, ки аз ин тасмимаш даст кашад.

XS
SM
MD
LG