Ссылки доступа

Озарбойҷон 6 низомии Арманистонро боздошт кардааст


Участок армяно-азербайджанской границы

Озарбойҷон шаш низомии Арманистонро боздошт кардааст. Ин хабарро ҳар ду ҷониб тасдиқ мекунанд.

Боку мегӯяд, низомиёни арманӣ роҳеро миннагузорӣ мекарданд, ба мавзеъҳои наздимарзии нерӯҳои Озарбойҷон меравад.

Ереван гуфт, низомиёни он мавзеи худ дар вилояти Гегаркуники ин кишварро тарк накардаанд ва корҳои муҳандисӣ анҷом медоданд. Гӯиё сарбозони арманӣ нахуст муҳосира ва сипас дастгир шудаанд.

Қаблан Вазорати дифои Арманистон хабар дода буд, ки як низомии он 25 май дар натиҷаи задухурди мусаллаҳона бо неруҳои Озарбойҷон кушта шуд. Ба иттилои вазорат, задухурд дар деҳаи наздисарҳадии Верин Шоржаи вилояти Гегаркуники Арманистон рӯзона сурат гирифтааст. Ба даргирӣ оташкушоии сарбозони Озарбойҷон ба мавзеъҳои низомиёни Арманистон сабаб шудааст. Верин Шоржа бо минтақае ҳаммарз аст, ки Озарбойҷон дар натиҷаи низои ахири Қарабоғ соҳиб гаштааст.

Вазорати дифои Озарбойҷон дар навбати худ гуфт, нерӯҳои ин кишвар дар куштори сарбози Арманистон даст надоранд.

Низоъ дар Қарабоғи Куҳӣ аз охири солҳои 80-уми асри гузашта идома дорад. Мақомоти вилояти мухтори Қарабоғи Куҳӣ, ки бештари аҳолиаш арманитабор ҳастанд, талаб доштанд, ки вилоят аз ҳайати Озарбойҷони шӯравӣ ба Арманистон гузаронида шавад. Баъди фурӯпошии шӯравӣ дар минтақа низои мусаллаҳона сар зад. Дар натиҷа Боку назоратро дар чандин қисмҳои вилояти мухтор аз даст дод. Истиқлоли ҷумҳурии Қарабоғи Куҳиро ҳеч кадом кишвари дунё эътироф накард.

Рӯзи 27 сентябри соли гузашта байни Озарбойҷон ва Арманистон дар Қарабоғи Куҳӣ якбора низоъ шиддат гирифт. Артиши Озарбойҷон чанд ноҳияи Қарабоғи Куҳиро соҳиб шуд.

XS
SM
MD
LG