Ссылки доступа

Вакилони Андиҷон ба президенти Узбекистон шикоят карданд (видео)


Фото обыска депутата во время заседания в Андижане с Телеграм-канала депутата Олий Мажлиса Расула Кушербаева.
Фото обыска депутата во время заседания в Андижане с Телеграм-канала депутата Олий Мажлиса Расула Кушербаева.

Гуруҳе аз вакилони маҷлисҳои ноҳиявию шаҳрии вилояти Андиҷон бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ аз президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев хостанд, ба парвандаи Шуҳрат Каримов, вакиле таваҷҷуҳ намояд, ки баъди танқидишаҳрдор ва додситони шаҳр дахлнопазирияш бекор карда шуд.

Вакилони узбек дар муроҷиатномаи худ шикоят кардаанд, ки "баъзе аз мансабдорон ба онҳо фишор меоранд ва поймолшавии ҳуқуқи вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ба дахлнопазириро нодида мегиранд".

Ба гуфтаи вакилон, мақомот бо вуҷуди вокуниши тунди ҷомеаи шаҳрвандии Узбекистон қазияи ғайриқонунӣ бекор шудани дахлнопазирии Шуҳрат Каримовро ҷиддӣ намегиранд.

Пештар хабар дода шуд, ки маҷлиси шаҳри Андиҷон дар ҷаласаи 17 май дахлнопазирии вакили худ Шуҳрат Каримовро бекор кард. Дахлнопазирии Каримов баъди он бекор шуд, ки ӯ баъзе аз қарорҳои шаҳрдори Андиҷонро дар масъалаи замин танқид карда, ҳамчунин хост, аз додситони шаҳр имтиҳон гирифта шавад

Додситонии кулли Узбекистон 20 май хабар дод, ки зидди Шуҳрат Каримов бо банди "Омода ва истифода кардани санаду муҳри қалбакӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG