Ссылки доступа

Назарбоев пешниҳоди насби муҷассамааш дар Туркистонро "напазируфтааст"


Сухангӯи Нурсултон Назарбоев, президенти нахустини Қазоқистон Айдос Укибай гуфт, раисҷумҳури пешини ин кишвар идеяи насби муҷассамаи худро "ҷонибдорӣ накард".

Муовини дабири кулли Созмони байналмилалии фарҳанги туркҳо Билол Чакиҷӣ пешниҳод карда буд, ки дар вилояти Туркистони Қазоқистон муҷассамаи Нурсултон Назарбоев насб карда шавад.

"Елбасӣ (унвони Назарбоев) ин идеяро ҷонибдорӣ накард. Ӯ ин гуна "туҳфаҳо", ба монанди насби муҷассама ва номгузории иншоотҳои меъмориро комилан намеписандад. Бахусус, агар ин "туҳфаҳо" ташаббуси мансабдорони маҳаллӣ бошад", - изҳор дошт Айдос Укибай.

Ба гуфтаи Укибай, Назарбоев гӯиё борҳо гуфтааст, ки ба ӯ ин гуна аломатҳои таваҷҷуҳ лозим нест.

Ин дар ҳолест, ки ибтидои моҳи июли соли гузашта дар Донишгоҳи миллии дифоии шаҳри Нурсултон муҷассамаи Назарбоев қомат афрохт.

Дар Қазоқистон пойтахт, фурудгоҳи байналмилалии он, кӯчаҳои марказии вилоятҳо ба номи Назарбоев гузошта шудаанд. Яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Алмато низ номи ӯро гирифта, то ба ҳол дар ин кишвар чандин муҷассамаи Назарбоев қомат афрохтааст.

Назарбоев, ки ба 80 даромадааст, моҳи марти соли 2019, баъди 30 соли раҳбарии Қазоқистон аз мақомаш истеъфо дод. Ӯ дар ҳоли ҳозир раиси ҳизби ҳокими "Нур Отан" ва Шӯрои амнияти Қазоқистон аст. Ҳамчунин аз унвони "Пешвои миллат" бархурдор мебошад, ки ӯро аз ҳама гуна таъқибҳо эмин нигаҳ медорад.

XS
SM
MD
LG