Ссылки доступа

Дар Қазоқистон муттаҳамони фурӯши духтареро ба ғуломии шаҳвонӣ муҳокима мекунанд


Додгоҳе дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон рӯзи 27 май ба баррасии парвандаи "фурӯши одамон ба ғуломии шаҳвонӣ" шуруъ кард.

Дар курсии айбдорӣ 16 кас, аз ҷумла 12 зан нишастааст. Миёни айбдоршавандаҳо шаҳрвандони Қирғизистону Русия ҳам ҳастанд.

Ин афрод дар "Ташкил ва роҳбарии гуруҳи фаромиллӣ, созмони фаромиллии ҷиноӣ ва ширкат дар он", "Фурӯши одамон", "Фурӯши ноболиғон", "Қонунигардонии маблағ ва ё дигар даромадҳое, ки бо роҳҳои ҷиноӣ ба даст омадааст" айбдор мешаванд.

Аз додгоҳи шаҳри Чимкент гуфтанд, дар додгоҳ 38 кас ҳамчун ҷабрдида ширкат доранд. Миёни ҷабрдидаҳо ду тан ноболиғ ҳастанд ва ба ин далел додгоҳ пушти дарҳои баста сурат мегирад.

Моҳи феврали соли ҷорӣ мақомоти интизомии Қазоқистон аз боз шудани парванда дар мавриди одамфурӯшӣ хабар дода буданд. Ба иттилои мақомот, як гуруҳи одамон ба интиқоли занон барои танфурӯшӣ аз Қазоқистон ба Баҳрайн машғул будаанд.

XS
SM
MD
LG