Ссылки доступа

Мансабдорони туркман вазифадор шуданд, то чилрӯзагии марги падари президент "азо гиранд"


Президент спустя семь дней после смерти отца появился в тахье

Ба раҳбарони корхонаҳои давлатию хусусии вилояти Лебапи Туркманистон амр шудааст, ки то гузаштани маъракаи азодории "чил"-и падари президенти он кишвар Маликқулӣ Бердимуҳаммадов мӯйҳои сари худро тарошида, тоқӣ пӯшанд.

Ин амр ба мансабдорони туркман баъди он дода шуд, ки президенти он кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баъди даргузашти падараш дар мазҳари ом ба нишони азодорӣ бо тоқӣ зоҳир шуд.

Падари президенти Туркманистон 18 апрели соли равон дар сини 88 даргузашт. Қарор аст, маъракаи чили ӯ 28 май баргузор шавад.

Мяликқулӣ Бердимуҳаммадов 12-уми августи соли 1932 дар деҳаи Бирлешик-1 ноҳияи Геоктепини Туркманистон таваллуд шудааст. Дар солҳои гуногун дар китобхона, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, омӯзгори забон ва адабиёти туркман, омодагии ҳарбӣ кор кардааст. Баъдтар хизмати ҳарбӣ карда, ба соҳаи низомӣ ва умури дохилии Туркманистон гузаштааст.

Расонаҳои давлатии Туркманистон хабари фавти Бердимуҳаммадови калониро бо нақли қавли Бердимуҳаммадови хурдӣ ҷамъбаст карданд.

Дар Туркманистон медале бо номи Маликқулӣ Бердимуҳаммадов таъсис шудааст.

XS
SM
MD
LG